Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФар ҳанг

Фар ҳанг

Фарҳанги аҷибе шакл гирифтааст, ки на ба арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои суннатии мо ва на ба арзишҳо ва ормонҳои нав ё мудерни мо наздики надорад. Дар ин фарҳанги нав, бо арзишҳои худ, чи суннати ва чи мудерн, зиндагӣ надоранд, балки арзишҳо танҳо чун ниқобанд, ки барои худнамоӣ истифода мекунанд ва дар асл ин ҳамаро дар як нуқта, дар “зистан” хулоса кардаанд.

Барои  ‘зистан’ ва ё чи хел ки дар ин фарҳанг ном мегӯянд “зиндагии худро ёфтан”, пояҳои ҷомеаи солимро, ки болои шоистасолорӣ ва саллоҳият меистанд,  хароб кардаанд. Ва хиёнат ба қонуни мамлакат, зери по кардани он ва фурӯхтани он нуқтаи охирини зуҳури ин фарҳанг аст. Бо ин ҳама савдогарӣ чунон мепӯшанд, мегарданд ва мегӯянд, ки гӯё авлиё, аллома, ашрофи фарҳангӣ ва мардони созанда ҳамин қавманд.  

Боре ин буржуазияи камақл, ҳаёти ҳазорҳо Тоҷик ва Тоҷикистонии  дар фазои хушунат, ҷангзада ва  рӯ ба раҳми худо партофта шударо ҳис мекарда бошанд, ки аз бесалоҳияти ва беқобилияти ва хиёнати ин қавм дар чи ҳоланд? Албатта не, ин қавм, ки аз номи ‘тоҷик’, ‘давлат’, ‘миллат’, ‘истиқлол’ ва дигар арзишҳо лоф мезананд, вале танҳо саргарми кору бори шахсӣ, оилавӣ ва авлодии худанд,  дар лаби соҳил аз рег қаср сохтани худро ҳанӯз нафаҳмидаанд.

Ин  падидаро  Зафар Мирзоён ‘инқилоби сафед” меномад, вале ҳазрати Мавлоно ин ҳолатро аҷибтар тавсиф мекунад:

Аз барф тавон кӯза баровард валек,

Кайфар барад он кас ба гаҳи пур кардан…

Меҳмоншо Шарифов

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular