Ба гузориши «Ориёно нюз», Амрико бо ташкили Шӯрои раҳбарӣ дар Афғонистон, қасд дорад давраи кории Ҳукумати Ваҳдати миллиро дар ин кишвар барои як давраи панҷсолаи дигар тамдид кунад
Амрико талош дорад то Шӯрои раҳбарии Афғонистонро бо иштироки аҳзоби ҷиҳодӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар ташкил диҳад.
Ин шӯро то поён давраи кории Ҳукумати Ваҳдати миллӣ аз он ҳимоят хоҳад кард ва пас аз он бо пешгирӣ аз баргузории интихобот, давраи кории ҳукумати ваҳдати миллӣ ба муддати панҷ соли дигар тамдид мешавад.
Орёно нюз бо такя бар як рӯзномаи Афғонистон менависад: “бархе аз мақомоти аршади Амрикоӣ дар дидор бо раҳбарони аҳзоби ҷиҳодӣ ва сиёсӣ хостаанд то аз ташкили ин шӯро ҳимоят кунанд.”
Мақомоти амрикоӣ аз Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон, Абдураб Расул Сайёф , Гулбиддин Ҳикматёр раҳбари ҳизби исломӣ, Карим Халилӣ , Ҳомид Гелонӣ , Анворулҳақ Аҳадӣ ва соири раҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодӣ хостаанд, то бо иштирок дар Шӯрои раҳбарии Афғонистон аз ин шӯро ҳимоят кунанд.
Мақомоти амрикоӣ таъкид кардаанд, ки раҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон бо узвият дар ин шӯро имтиёзоти бузургеро низ дарёфт хоҳанд кард, аммо бисёре аз раҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодӣ бо ташкили ин шӯро мухолифат кардаанд ва танҳо теъдоде аз ин афрод ба сурати машрут онро пазируфтаанд.
Масъуд Туруштвол сухангӯи Шӯрои ҳиросат ва суботи Афғонистон ва Шевои Шарқ сухангӯи ҳизби меҳвари мардуми Афғонистон низ бо таъкид бар лузуми баргузории интихоботи риёсатҷумҳурӣ тарҳи пешниҳодии Амрикоро рад карданд.
Мақомоти амрикоӣ дар дидор бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон таъкид кардаанд, ки вазъияти кишвар бадтар хоҳад шуд ва баргузории интихоботи раёсатҷумҳуриро ғайримумкин хоҳад кард. Дар натиҷа бо ин далел шӯрои раҳбарии Афғонистон муддати кории Ҳукумати Ваҳдати миллиро барои як давраи панҷсолаи дигар тамдид намояд.
Бархе аз ҳуқуқдонони дохилӣ дар вокуниш ба ин мавзӯъ тасреҳ карданд, ки тамдиди давраи кории Ҳукумати Ваҳдати миллӣ аз тариқи шӯрои раҳбарӣ коре ғайриқонунӣ аст, ки бо қонуни асосии кишвар мухолифат дорад ва Афғонистонро ба самти беназмӣ ва ҳарҷу марҷ пеш хоҳад бурд.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз коршиносони Афғонистон бар ин боваранд, ки баҳонатарошии комиссиюни интихоботи Афғонистон барои баргузории интихоботи парлумонӣ ва таъхири амдии он дар воқеъ ба наҳве заминасозии таъхири баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

