Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати адлияи ИМА аз дастгир шудани 36 хакер хабар дод

Вазорати адлияи ИМА аз дастгир шудани 36 хакер хабар дод

Як гурӯҳи хакерии иборат аз 36 нафар, ки бо роҳи электронӣ қасди дуздидани 530 млн доллари амрикоиро доштаанд, дастгир шудаанд.

Дар ин бора ба расонаҳо аз Вазорати адлияи ИМА хабар додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории REUTERS,  Вазорати адлияи Амрико рӯзи чоршанбе аз фош кардани гурӯҳи ҳакерӣ, аз ҷумла ифшои 36 нафар бо гумони фурӯши маълумоти шахсӣ ва дуздии беш аз 530 миллион $ гузориш додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур соли 2010 аз ҷониби Святослав Бондаренкои Украинӣ  таъсис ёфтааст.

Ин шабакаи киберҷиноятӣ, ки тавассути як форуми онлайнии «infraud» идора мешудааст, ба хариду фурӯши шумораҳои амниятӣ, таърихи таваллуд ва маълумотҳои шиносномавӣ, дуздии маблағи кортҳои бонкӣ, ҷамъоварии маълумот дар бораи мансабдорони баландпоя, фурӯши маълумотҳои махфӣ, шикастани шумораҳои муҳофизатии барномаҳои бонкӣ ва ғайра машғул будааст.

Ин хакерҳо шаҳрвандони ИМА, Австралия, Инглистон, Порис, Италия ва Сербия будаанд.

Вазорати адлияи ИМА гуфтааст, аз байни 36 нафари муттаҳам ба ин ҷиноят, танҳо  13 нафари онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд ва боқимонда то ба ҳол дар озодӣ ба сар мебаранд.  

Бино ба манбаъи хабар,  дар миёни онҳо шахсоне ҳам вуҷуд доштаанд, ки ба дуздии иттилоотҳои махфии давлатӣ ва пулшӯӣ муттаҳам мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular