Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВарзишгарони тоҷик аз рӯи намуди каратэ-до дар Эрон соҳиби ҷои дуюм шуданд

Варзишгарони тоҷик аз рӯи намуди каратэ-до дар Эрон соҳиби ҷои дуюм шуданд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз рӯи намуди каратэ-до то 9 сентябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, варзишгарони тоҷик иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа варзишгарони зиёда аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд ва барои ба даст овардани медалҳо бо ҳам мубориза бурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ба даст овардани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовори мақоми 2-юм гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол варзиши каратэ-до шомили Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардид ва варзишгарони ин ришта дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 метавонанд ширкат варзанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular