Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусодираи маҳсулоти карантинии фитосанитарӣ аз  шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Оренбург

Мусодираи маҳсулоти карантинии фитосанитарӣ аз  шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Оренбург

Дар фурӯдгоҳи Оренбурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми бо худ овардани маҳсулоти карантини фитосанитарӣ боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

27-уми феврали 2018 “Росселхознадзор”- Нозири давлатии назорати карантинӣ- фитосанитарии Федератсияи Русия дар натиҷаи санҷиши бори дастӣ ва бағоҷи мусофироне, ки тавассути хатсайри «Хуҷанд — Оренбург» ба Русия парвоз кардаанд, 2 бастаи 100 граммаи маҳсулоти карантинии фитосанитариеро мусодира намуданд, ки гуфта мешавад, хеле хавфнок будааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии  иттилоъ додааст.

Тибқи манбаъ, дар дохили яке аз он баста, тухми лубиё дар ҳаҷми 100 грамм ва дар дохили бастаи дигар, он ҳам дар ҳаҷми 100 грам тухми кашнич мавҷуд будааст.

Бастаҳои дар боло зикршуда, мусодира гардида. баъди ташхис сузонида шудаанд.

Соҳиби ин бастаҳо боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Гуфта мешавад, аз аввали соли 2018 ин 2-юмин ҳолати кӯшиши ворид намудани маҳсулоти карантинии фитосанитарӣ ба қаламрави Федератсияи Русия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст, ки масъулини дафтари “Росселхознадзор” дар фурӯдгоҳи Оренбург  аз он пешгирӣ кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular