Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНАТО: изҳороти таҳдидомези Русия ғайри қобили қабул аст

НАТО: изҳороти таҳдидомези Русия ғайри қобили қабул аст

Сухангӯи НАТО дар иртибот бо изҳороти Путин дар бораи рақобати таслиҳотӣ гуфт, ки изҳороти таҳдидомези мақомоти Русия алайҳи аъзои созмон (НАТО) ғайри қобили қабул ва мухарриб аст.

Оана Лунгеску, сухангӯи Созмони паймони Атлантики шимолӣ — NATO, бо интишори баёнияе дар иртибот бо изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хитоб ба аъзои маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт: «Изҳороти таҳдидомези Русия алайҳи аъзои созмон ғайри қобили қабул ва мухарриб аст».

Лунгеску дар ин баёния таъкид кард: «Изҳороти Путин дар суханронии аввали марти ҷориро аз ёд нахоҳем бурд».

Вай бо ишора ба ин ки борҳо таъкид шуда, сомонаи дифоъи мушакии НАТО, таҳдиде алайҳи Русия нест, навишт: «Ҳадафи сомонаи дифоъи мушакии НАТО бартараф кардани таҳдидҳои ношӣ аз мушакҳои баллистик аз хориҷ аз минтақаи Аврупо-Атлантик алайҳи аъзои созмон аст».

Вай афзуд: «хоҳони ба вуҷуд омадани ҷанги сард ё рақобати таслиҳотии ҷадиде нестем».

Путин дар суханронии худ дар маҷлиси федералии Русия бо баёни ин ки Русия силоҳҳои ҳастаии ҷадиди худро густариш медиҳад, ба чанд навъ мушаки баллистики қорапаймо бо қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ ва ҳамчунин дастгоҳҳои зериобии бидуни сарнишин ишора кард, ки метавонанд муҳиммоти мутаориф ва ҳастаӣ ҳамл кунанд.

Путин изҳор дошт: «Касоне, ки дар 15 соли ахир талош карданд то таслиҳоти худро тавсеа диҳанд ва ба таври якҷониба бар ин кишвар (Русия) бартарӣ ёбанд, саъй дар эҷоди монеъ барои пешрафти Русия доштанд аммо натавонистанд ва дар боздоштани ин кишвар (Русия) номувафақ буданд».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular