Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБӯстонсарои Ҷамшед Зиёев дар вилояти Маскав ба фурӯш гузошта шудааст

Бӯстонсарои Ҷамшед Зиёев дар вилояти Маскав ба фурӯш гузошта шудааст

Комиссиюни барҳамдиҳии Тоҷпромбонк бӯстонсарои собиқ раҳбари кулли ин бонк Ҷамшед Зиёевро дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав ба музояда гузоштааст.

Қимати шурӯъии бӯстонсарои Зиёев 9,6 миллион сомонӣ мебошад. Гуфта мешавад масоҳати зисти он 739м2 ва масоҳати ҳавлияш 2043м2 аст.

Бӯстонсароҳои Зиёев дар ноҳияи Варзоб ҳам дар музояда қарор доранд. 4 бӯстонсарои ӯ дар ин ноҳия 36 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудаанд.

Гуфтанист, ки тибқи иттилои ВАО-и тоҷик айни ҳол собиқ раҳбари кулли Тоҷпромбонк дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор дорад. Нисбати ӯ тибқи моддаҳои Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ғасби амвол ва қаллобӣ  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҷамшед Зиёев

Ӯ ба шустани пулҳои бонк тавассути ширкатҳои вобаста ба худаш гунаҳкор мешавад. Ҳамчунин тамоми дороии бонк, аз ҷумла идораи марказӣ ва тамоми иморатҳои он дар кишвар ба музояда гузошта шудаанд.

Ширкати истеҳсолии вобаста ба Ҷамшед Зиёев — Тропикан Инвест, ки низ ба фурӯш гузошта шуда, 29,2 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Қимати шурӯъии шабакаи ширкатҳои  Даҳбед 48 миллион сомонӣ гуфта мешавад. Корхонаи дӯзандагии ӯ “Шарофат” дар Ҳисор ба 31 миллион сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ширкатҳои магнати пахта Ҷамшед Абдулов ҳам ба музояда гузошта шудааст. Тибқи маълумоти мухталиф, ӯ ба бонк аз $4,4 млн то $15 млн қарздор аст. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, Абдулов тамоми дороиҳояшро ба номи бонк гузаронидааст, ки бо ин роҳ худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот додааст.

Ҳоло бинои маъмурии ширкати ӯ “Олими Каримзод” ба фурӯш гузошта шудааст, ки 9 миллион сомонӣ қимат дорад. “Олим Текстайл” дар Конибодом 5 миллион ва дар Масчоҳ 4 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?