Чархаи аввали нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун насб гардид. Шоми 5 июл мутахассисон насби онро ба наҷом расонидаанд.
Тибқи иттилои радиои “Озодӣ” бо истинод ба дафтари матбуоти «Днепр-Спетсгидромонтаж», ки масъули насби чархаҳост, мутахассиони ин ширкат соати нӯҳи шоми 5-уми июл ротори чархаи №6 -уми нерӯгоҳи Роғунро дар ҷояш насб карданд.
Худи чархаро ширкати дигари украинӣ — «Гидротяжмаш» истеҳсол кардааст. Вазни ин чарха 850 тонна гуфта мешавад ва насби он дар шароити бисёр сахт — идомаи корҳои сохтмонӣ ва иҷрои корҳои пармакунӣ дар толори мошинҳо, ки дар зери замин қарор дорад сурат гирифтааст.
Ин чарха аввали соли 2019 ба кор дароварда мешавад ва қодир ба тавлиди 600 мегаватт нерӯи барқ аст. НБО Роғун 6 чарха хоҳад дошт, ки ҳамагӣ тавоноии якхелаи тавлиди барқро доранд.
Тибқи гуфтаи «Днепр-Спетсгидромонтаж» қарор аст чархаи рақами №6 нерӯгоҳи Роғун бояд рӯзи 16-уми ноябр ба кор дароварда шавад.
Нерӯгоҳи Роғун аз бузургтарин тарҳҳои замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки баъди фурӯпошии давлати шӯроҳо сохтмонаш қатъ шуда буд. Бархе аз коршиносон оғози ҷангт шаҳрвандӣ дар кишварро низ ба тасмими сохтмони ин нерӯгоҳ аз тарафи Покистон нисбат медиҳанд. баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон Покистон тасмим гирифта буд сохтмони нерӯгоҳро ба итмом расонида барқи онро харидорӣ намояд.
НБО Роғун яке аз 9 нерӯгоҳ дар силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш ва бузаргтарини онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки минтақа аст. Баландии садди он 335 метр мебошад, ки баландтарин садди гилину сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Бо ба кор даромадани НБО Роғун Тоҷикистон на танҳо худашро ба нерӯи барқ таъмин мекунад, балки ба содиркнандаи барқ табдил мешавад. Қарор аст барқи ин нерӯгоҳ ба Афғонистону Покистон содир шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

