Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСММ: Зайд Саид бояд озод шавад

СММ: Зайд Саид бояд озод шавад

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст соҳибкори шинохтаи тоҷик Зюйд Саидовро давоми шаш моҳ озод кунад ва ба ӯ ҷуброн пардохт кунад.

Барои иҷрои ин қарораш ба ҳукумати Тоҷикистон ин кумитаи Созмони Милал 6 моҳ додааст. Ин қарор рӯзи 4 апрел тасвиб шуда, вале ҳамакнун дар дастраси расонаҳо қарор гирифт.

Кумитаи ҳуқуқи башар, ки соли 2015 баррасии парвандаи Зайд Саидовро оғоз карда буд, ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст. Ба мақомоти Тоҷикистон тавсия шудааст ин хатоҳои худро ислоҳ кунад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳуқуқи башар, мақомоти Тоҷикистон мегӯяндд, ки гуноҳи Зайд Саидов дар додгоҳ исбот шудаанд, вале шарҳ наоварда,ки чаро ҳуқуқи ӯро барои сохтани ҳизби сиёсӣ бо роҳи боздошт ва зиндонӣ кардан шадидан маҳдуд кардааст.

Аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин тақозо шудааст, ки бо андешидани чораҳои қатъӣ аз такрори чунин ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда пешгирӣ кунад.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба давлати Тоҷикистон барои озод кардани Зайд Саидов ва иҷрои дигар хулосаҳояш 180 рӯз фурсат додааст. Ба ин тартиб, агар ин 180 рӯз аз рӯзи тасвиби қарори Кумитаи ҳуқуқи башар ҳисоб шавад, Зайд Саидовро бояд то 1 октябри соли равон аз маҳбас озод кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular