Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБеш аз сад кормани амниятии Афғонистон дар як таркиш кушта шуданд

Беш аз сад кормани амниятии Афғонистон дар як таркиш кушта шуданд

Дар натиҷаи таркише дар Майдоншаҳри Афғонистон беш аз сад нафар кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ҷон бохтанд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба намояндаи Вазорати дифоъи ин кишвар хабар меиҳад.

“Мо маълумот ба даст овардаем, ки дар натиҷаи таркиш дар дохили маркази омӯзишии низомӣ 126 нафар кушта шудаанд — гуфтааст намояндаи Вазорати дифоъ.

Қаблан аз 12 кушташуда ва 27 маҷрӯҳ сухан мерафт. Таркиш дар назди маркази омӯзишии Раёсати миллии амниятии Афғонистон рух додааст. Тибқи иттилоъи Тулӯъ Нюз, таркишро як интиҳорӣ роҳандозӣ кардааст. Ӯ бо як мошини бомбгузоришуда ба омӯзишгоҳ зимни машқи ҳарбии кормнадон ҳамла бурдааст. Тибқи иттилоъи РБК-и Русия, масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон ба дӯш гирифтааст.

Қаблан, 14 январ таркиши дигаре дар Кобул ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар натиҷаи он 90 нафар маҷрӯҳ ва 4 нафар — 3 низомӣ ва 1 сокини маҳаллӣ кушта шуданд. Байни маҷрӯҳон 23 кӯдак ҳастанд.  

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular