Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу пардохти нав барои ширкатҳои сохтмонӣ

Ду пардохти нав барои ширкатҳои сохтмонӣ

Маҷлиси намояндагон тағйирот ба ба қонуни ҶТ “Дар бораи пардохтҳои ҳатмии иловагӣ ба буҷа”-ро тасвиб кард, ки тибқи он минбаъд ширкатҳои сохтмонӣ барои дарёфти иҷозаи сохтмани биноҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои савдо дар пойтахт маблағ пардохт хоҳанд кард.

Тибқи гуфтаи вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, ин пардохтҳо барои иҷозаи шаҳрдории пойтахт буда, ба ҳисоби махсус бозшудаи буҷаи шаҳр хоҳанд рафт.  

Қимати иҷоза сохтмон аз 165 то 220 сомонӣ барои ҳар метри мураббаъи иншооти сохташавандаро ташкил хоҳад дод.  

Ҳамчунин ҳаҷми андоз аз арзиши изофашуда барои ширкатҳои сохтмонӣ, ки то охири соли 2018 5 дарсадро ташкил медод, то 18% боло рафт. Мӯҳлати имтиёз дар пардохти ААИ ба ширкатҳои сохтмонӣ то охири соли гузашта буд ва он ба итмом расид.  

Ин ду пардохти иловагӣ қимати ҳади ақал хонаҳои навсохтро боло бурда, тибқи ҳисоби коршиносон, ин болоравӣ дар ҳаҷми 15-20% дар Душанбе ва 12-15% дар шаҳрҳои дигарро ташкил хоҳад дод.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular