Wednesday, February 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚароргоҳи намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд

Қароргоҳи намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд

Баъди роҳ ёфтани намояндагони мухолифин ба ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва фирори ҳайати ҳукуматӣ аз ин нишаст, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд қароргоҳи ин созмонро дар Душанбе бубанданд.

Дар ин бора бо такя ба манобеъи худ сомонаи “Сентразия” хабар додааст. Ин нашрия иддао кардааст, ки тасмими бастани қароргоҳи САҲА дар ҷаласаи охирини ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Фаъолияти ин созмони бонуфуз дар Тоҷикистон “зарарнок” унвон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 19 то 28 сентябр дар Варшава нишасти навбатии САҲА вобаста ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ҳам, ки узви ин созмон аст, бо роҳбарии Зариф Ализода ширкат кард. Дар қатори ҳайати ҳукуматӣ намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва АНСТ низ ширкат намуда бо ҳайати ҳукумат вориди баҳс шуданд. Пас аз се рӯзи нишаст, ҳайати Тоҷикистон “бо нишони эътироз” нишастро тарк гуфта, ба Душанбе баргашт.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular