Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПосухи ВКХ Тоҷикистон ба Ҳолланд: Шарофиддин Гадоев боздошт шудааст

Посухи ВКХ Тоҷикистон ба Ҳолланд: Шарофиддин Гадоев боздошт шудааст

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба дархости мақомоти Ҳолланд гуфтааст, ки Шарофиддин Гадоев дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо гумони даст доштан дар ҷиноят боздошт шудааст.

Дар ин бора рӯзноманигор Герт Ҷон Денникамп (, ки парвандаи Шарофиддинро таҳқиқ мекунад бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд дар саҳифаи тветтерии худ хабар додааст.  

Ӯ чунин менависад: Посухи Вазорати корҳои хориҷа: “Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ин нафар дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо гумони даст доштан дар ҷиноят боздошт шудааст.

Аммо сабаби ба мақомоти Ҳолланд посух додан, ки Гадоев дар боздошт қарор дорад, шояд ин бошад, ки қаблан мақомоти рус ба дархости Ҳолланд ҷавоб дода буданд, “Гадоев бо ду дархости Интерпол дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шудааст”.

Ҳоло ин посуху баёнияҳои зидунақизро мақомот чӣ гуна шарҳ медиҳанд, танҳо мешавад ҳадс зад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular