Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари Эмомалӣ Раҳмон ба тошканд мавқуф гузошта шуд

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба тошканд мавқуф гузошта шуд

Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон мавқуф гузошта шуд. Бинобар  Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки мебоист санаи 12 апрел дар ин вохӯрӣ иштирок мекард, лағв шуд.

Дар ин бора хабаргузории Азияплюс бо истинод аз манбааш дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтааст, вохӯрӣ бо розигии сарони кишварҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст.

Тибқи манбаъи хабаргузорӣ санаи дақиқи вохӯрии пешбинишудаи сарони кишварҳои минтақа дар Тошканд алҳол маълум набуда, тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Аввалин мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии нахустини онҳо моҳи марти соли гузашта дар Остона пешниҳод гардида буд.

Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.

Ба қавли як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, сол аз сол Наврӯз дар кишварҳои минтақа васеъ таҷлил гадида, нақшаи кории президентҳо ҳам дар ин шабу рӯз зиёд аст, аз ин сабаб, роҳбарони кишварҳои минтақа қарор карданд, ки на дар арафаи Наврӯз, балки пас аз он гирдиҳам оянд.

Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ, ки 15 марти соли 2018 дар Остона баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев иштирок карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular