Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк фаъоли собиқи ҲНИТ дар Маскав боздошт шуд

Як фаъоли собиқи ҲНИТ дар Маскав боздошт шуд

Мағзумов Амрулло, сокини шаҳраки Чорбоғи ноҳияи Ваҳдат ва фаъоли собиқи ҲНИТ шоми гузашта, 16 май дар фурӯдгоҳи Внуковои боздошт шудааст. Ба ӯ истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Зоҳиран ин боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст, чун тибқи гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳеҷ мушкиле бо қонунгузории Русия надошт ва ҳадаф аз парвозаш ба хориҷ ҳам гузаштани сарҳад ва азсаргирии ҳуҷҷатгузориҳояш буд.

Дақоиқе пеш вакили дифоъи Мағзумов тасдиқ кард, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ баъди интихоботи парлумонии соли 2015, ки чун номзад ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ дар он ширкат дошт, бинобар фишорҳои рӯзафзуни мақомот Тоҷикистонро тарк кардааст. Аз ҳамон замон дар Русия мезист.

Аз замони ҳиҷраташ фишори мақомот, бахусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон болои хонаводааш пайваста ҷараён дошта, талаб мекарданд, ки Мағзумов ба Тоҷикистон баргардад.

Дар сурати истирдодаш ба Тоҷистон ба Мағзумов шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Ҳарчанд мақомот борҳо ваъда додаанд, ки аъзои собиқи ҲНИТ-ро ба ҷавобгарӣ нахоҳанд кашид, то имрӯз садҳо узви собиқи ин ҳизб бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла салафият ба зиндон фиристода шудаанд.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular