Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУВАЙСИ ҚАРАНӢ

УВАЙСИ ҚАРАНӢ

Дар саҳеҳи Муслим омадааст:

Ҳар вақто, ки ба назди ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу гурӯҳе аз мардуми Яман меомад, Умар аз онҳо мепурсиданд, оё дар баёни шумо нафаре ба номи Увайс вуҷуд доард?

То ин ки рӯзе гурӯҳе аз аҳли Яманро диданд, ки дар байнашон Увайс буд.

Умар Увайсро дида пурсиданд:

Оё, ту Увайс писари Омир  ҳастӣ?

Увайс гуфт: Оре.

Умар гуфтанд: Аз маконе ба номи Мурод сипас Қаран?

Увайс гуфт: Оре.

Сипас Умар боз пурсиданд, ту бемории бараси пӯст доштӣ, сипас шифо ёфтӣ, ба ҷуз  миқдори каме, ба андозаи танга дар баданат аз он беморӣ ҳоло боқӣ мондааст.

Увайс гуфт: Оре.

Умар пурсиданд: Оё ту модар дорӣ?

Увайс бз ҷавоб дод: Оре.

Сипас Умар гуфтанд: Паёмбарро шунидам, ки мегуфтанд:

Рӯзе ба назди шумо Увайс писари Омир ҳамроҳи гурӯҳе аз аҳли Яман меояд. Аз  маконе ки Мурод, сипас аз Қаран ном дорад. Ӯ бемории бараси пӯст дошт, сипас шифо ёфт, магар миқдори кӯчаке ба андозаи тангае дар баданаш ҳоло боқист. Ӯ модар дорад ва хеле ба модараш накӯи мекунад. Вақте барои чизе ба Аллоҳ қасам мехӯрад, ҳамоно чизи қасамхӯрдааш иҷро мегардад. Эй Умар, агар ту ӯро дидӣ, аз ӯ талаб намо, то барои бахшидани гуноҳҳоят дуо кунад.

Умар ин ҳадисро ба Увайс гуфтанд, сипас аз ӯ талаб карданд, то барояшон аз Аллоҳ талаби мағфират намояд.

Увайс барои Умар дуо кард.

Сипас Умар аз Увайс пурсиданд, ба куҷо равон ҳастӣ?

Увайс гуфт ба шаҳри Куфа.

Умар гуфтанд: Оё мехоҳӣ ба бузургони Куфа нома нависам, то туро пешвоз гиранд, ба ту иззату эҳтиром гузоранд?

Увайс гуфт: Ман дуст дорам аз зумраи нафароне бошам, ки дар замин фақиронаву хоксорона зиндагӣ мекунанад. Намехоҳам аз шахсони обрӯманду маъруф бошам. Бо ҳамин Увайс ба Куфа роҳсипор шуд.

Пас аз як сол марде аз ашрофзодагон аз макони Увайс ба ҳаҷ омад. Дар ҳаҷ Ҳазрати Умар ӯро диданду пурсиданд: Оё аз Увайс хабаре дорӣ?

Он мард гуфт: Оре дар як кулбаи фақиронаву нимкӯчида бо амволи хеле кам зиндагӣ дорад.

Сипас Умар ҳадиси оиди Увайс аз Паёмбар шунидаашонро ба он мард нақл карданд.

Вақте он мард аз ҳаҷ ба Куфа баргашт, дар ҳол ба назди Увайс рафту аз ӯ талаби дуо кард, талаб кард, то барои омӯрзиши гуноҳҳояш ба Аллоҳ дуо кунад.

Увайс ба он мард гуфтанд, ту худ аз сафари Ҳаҷ омадӣ, ту барои ман дуо кун, ту аз ман авлотар ҳастӣ.

Он мард исрор кард, то Увайс барояш дуо кунанд. Пас аз ин овозаи Увайс ба гӯши ҳамагон расид, Увайсро ҳама мешинохтанд, аксарият барои талаби дуо ба наздашон меомаданд. Увайс мардуми зиёдро дида ҷои зисти худро тағйир доданд, ба ҷое рафтанд, то дигарон эшонро нашиносад, намехостанд дар байни мардум шӯҳрат дошта бошанд, ба фитнаи мардум гирифтор гарданд.

Увайси Қаранӣ аз Яман мебошанд. Дар замони Паёмбар ба дунё омадаанд, аммо ба сабаби он, ки модари пир доштанд, ба назди Паёмбар сафар накарданд, то хидмати модарро анҷом диҳанд. Тамоми умри худро бо зуҳд ва ибодати Аллоҳ гузаронидаанд.

Рӯзе марде аз Увайс пурсид, ки чӣ ҳол дорӣ?

Увайс гуфтанд: Шахсе, ки вақте шаб фаро мерасад, оё то субҳ зинда мемонад, ё на, намедонад, вақте субҳ медамад, оё то шаб дар ҳаёт аст, ё на, намедонад, ба зудӣ ба охират меравад, оё гуноҳҳояш бахшида шудаанд, ё на, намедонад, ба фикри ту ҳоли ин шахс чӣ гуна бояд бошад?!

Орзӯи ягонаи Увайс разияллоҳу анҳу, шаҳодати роҳи Аллоҳ буд ва ба орзӯяшон расиданд. Ҳамроҳи Ҳазрати Алӣ дар ҷанги Сиффайн иштирок карда, дар ҳамон ҷанг ба шаҳодат расиданд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular