Бино ба Агентии давлатии омори Тоҷикистон аҳолии кишвар 2.1 дар сад афзоиш ёфтааст. Бо ин ҳол тибқи гузориши манбаъ аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллиону 166 ҳазор нафар расидааст.
Дар соли 2018 нуфузи аҳолӣ беш аз ҳама дар вилояти Хатлон 2.4 дар сад ва навоҳии марказии ҷумҳурӣ 2.3 дарсад ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи ин ҳисоби Агентии давлатии омори Тоҷикистон айни ҳол дар вилояти Хатлон наздик ба 3 миллиону 300 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 600 ҳазор нафар, навоҳии марказӣ 2 миллиону 100 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 850 ҳазор нафар ва дар вилояти Бадахшон 227 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Бо ин нишондод Тоҷикистон бо рушди беш аз 2 дарсадии аҳолӣ дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷои аввал қарор дорад.
Коршиносон пеш аз ин эълом карда буданд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллиону 65 ҳазор нафар хоҳад расид. Ин ҳам дар ҳолест, ба хотири набуди ҷои кор, шароити бади зиндагӣ ва адами ҳаёти шоиста шумори нафароне, ки ҳамасола тарки Тоҷикистон карда истодаанд, ба садҳо ҳазор нафар расида, беш аз пеш меафзояд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

