Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРадиои BBC дар Узбекистон дубора сабти ном шуд

Радиои BBC дар Узбекистон дубора сабти ном шуд

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 4 июн Авазбек Тоҳиров, хабарнигори ширкати радио ва телевизиони Би-би-сиро расман сабти ном кард.

Бад ин тартиб фаъолияти ширкати Би-би-си дар Ӯзбекистон, ки дар соли 2005 қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Ӯзбекистон дар моҳи сентябри соли 2016 вазъияти расонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар беҳтар шуд. Ду соле қабл, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон дошт, ки хабарнигорони ширкати Би-би-си метавонанд ба асоси қонунҳои Ӯзбекистон дубора дар ҳудуди ин мамлакат фаъолият кунанд.

Дар моҳи декабри ҳамон сол бахши ӯзбекии Би-би-си расман барои сабти ном ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дархост пешниҳод кард.

Фаъолияти бахши ӯзбекии радиои Би-би-си моҳи ноябри соли 1994 оғоз шуда, барои шунавандагон дар мавриди рӯйдодҳои Ӯзбекистон ва ҷаҳон хабару гузоришҳо таҳия мекард.

Дар моҳи октябри соли 2005, дар пайи ҳодисаҳои хунини Андиҷон, ки дар Би-би-си муфассал пӯшиш дода шуд, ҳукумати Ӯзбекистон дафтари ин ширкатро дар мамлакат баст. Дар муддати 13 сол бахши ӯзбекии Би-би-си дар Ӯзбекистон хабарнигоре надошт.

Дубора фаол шудани дафтари бахши ӯзбекии Би-би-си дар Ӯзбекистон дар ҳолест, ки аз соли 2015 ба баъд, муддати чор сол аст, ки  Би-би-сӣ фаолияташ дар Тоҷикистонро таътил дода, сомонаи бахши тоҷикияш баста шудааст. Айни ҳол хабарҳои марбут ба Тоҷикистон дар яке аз гӯшаҳои саҳифаи форсии Би-би-сӣ пӯшиш меёбад.

Иддае баста шудани бахши тоҷикии радиои Би-би-си дар Тоҷикистонро низ ба муфассал пӯшиш додани буҳрони сиёсии Тоҷикистон аз ҷониби ин расонаи муътабар медонанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular