Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанберо сафҳае нав дар равобити дуҷониба ва гармибахши ин равобит донист.
Низомиддин Зоҳидӣ пеш аз зӯҳри дирӯз – чаҳоршанбе, дар нишасти хабарӣ дар остонаи баргузории панҷумин ҳамоиши сарони кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё гуфт, ин нишаст рӯзҳои 14 ва 15 –уми июн дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва бо ҳузури 15 кишвари узв баргузор мешавад ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар он ширкат мекунад.
Зоҳидӣ дар бораи таъсири сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе гуфт: “Эътимоди комил дорем, ки сафари оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон метавонад сафҳае нав дар равобити ду кишвар боз кунад. Гармиҳо баъд аз сардиҳо меоянд ва ду тараф тасмим гирифтаанд сардиҳо рафъ ва дар муносиботи дуҷониба марҳалаи ҷадиде оғоз шавад”.
Сафири Тоҷикистон, ки ба тозагӣ фаъолияти худро дар Теҳрон оғоз кардааст, авлавияти кории худро тавсеаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар унвон карда гуфт: “Ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳамакунун низ идома дорад ва бисёре аз ширкатҳои эронӣ дар бозсозии нерӯгоҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Илова бар ин дар назар дорем равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар, ки таърихӣ аст, дар сатҳи шаъни ду кишвар ривоҷ ёбад”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

