Monday, March 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаҷоти марди тоҷик аз тарафи 2 наврасдухтари рус

Наҷоти марди тоҷик аз тарафи 2 наврасдухтари рус

Духтарони мактабхони шаҳри Дубнаи вилояти Маскав марди тоҷикистониро, ки дар канали ба номи Маскав ғарқ шуда буд, наҷот доданд.

Тавре сомонаи Mosregtoday хабар додааст, Екатерина Кукова ва Екатерина Василчуки 14-сола садои доду фарёдро дар наздикии канал шунида ва ба самти канал давидаанд. Дар масофаи 4 метр дуртар аз соҳил марде дар об сарнагун афтода буд.

Духтарон тавонистанд сари мардро аз об берун кунанд. Сипас, пулисро барои кумак фаро хондаанд. Шахси наҷотёфта марди 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки бо ҳамватанон шарт кардааст, ки аз канал шино карда мегузарад.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ дар вилояти Свердловски Русия марди тоҷик ҳаёти кӯдакеро, ки аз тирезаи бинои баландошёна афтода буд, наҷот дод.

Моҳи декабри соли 2017 марди тоҷик ҳаёти худро ба хатар андохта аз миёни яхҳои дарёи Яузии вилояти Маскав занеро берун карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular