Friday, February 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНазорат дар Душанбе ташдид мешавад

Назорат дар Душанбе ташдид мешавад

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Ин тадбир ба баргузории панҷумин Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе марбут аст.

Шурӯъ аз имрӯз то санаи 16 июн дастаҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ доимо макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбону боғҳо, биноҳои ҳукумату парлумонро мунтазам зери назорат хоҳанд дошт.

Роҳҳоеро, ки қатори автомашинаҳои ҳайатҳои баландпояи меҳмонони ҳамоиш тариқи он ҳаракат мекунанд, кормандони сохторҳои қудратӣ таҳти посбониву назорат қарор медиҳанд.

Барои ин аз минтақаҳои кишвар ба шаҳри Душанбе нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар шудааст.

Пагоҳ дар Душанбе ҳамоиши МҲТБО доир мегардад, ки дар он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло иштирок мекунанд.

Дар робита ба баргузории ин чорабинӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии пойтахт рӯзҳои истироҳат эълон шуд, зеро дар аксари роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular