Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори маҷрӯҳони инфиҷор дар Кобул ба 95 нафар расид

Шумори маҷрӯҳони инфиҷор дар Кобул ба 95 нафар расид

Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон шумори маҷрӯҳони инфиҷори имрӯз дар ғарби Кобул, пойтахти ин кишварро 95 нафар эълом кард. 

Воҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон дар ҳисоби твитерии худ, шумори маҷрӯҳони инфиҷори имрӯз дар ғарби Кобул, пойтахти ин кишварро, ки ба бемористонҳои ин шаҳр интиқол ёфтаанд 95 нафар эълом кард. 

Вай афзуд: Дар миёни захмиҳо кӯдакон ва занон низ дида мешаванд. 

То кунун ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. 

Гуфтанист инфиҷоре маҳиб соати 9:05 дақиқа субҳи имрӯз дар минтақаи шашуми амнияти шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод. 

Пас аз ин инфиҷор садои тирандозӣ низ ба гӯш расида ва дуди ғализе маҳалли ҳодисаро фаро гирифтааст. 

Вазорати беҳдошти Афғонистон пас аз вуқӯъи инфиҷор, шумор маҷрӯҳонро 34 нафар эълом карда буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular