Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа як шаҳрванди дигари Тоҷикистон истирдод аз Укроин таҳдид мекунад

Ба як шаҳрванди дигари Тоҷикистон истирдод аз Укроин таҳдид мекунад

Алиакбар Ҳисомови 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи шаҳри Панҷакент, ки ҳудуди як сол дар Укроин иқомат доштааст, бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба ӯ истирдод таҳдид мекунад. 

Мақмоти Тоҷикистон Ҳисомовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 307 (Даъвати  оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ) ва 401 (Зархаридӣ) муттаҳам мекунанд ва дар пайгард қарор додаанд. 

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дар парвандае, ки мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Укроин фиристодаанд, Ҳисомовро ба ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна муттаҳам мекунанд. Дар парванда ҳамчунин омадааст, ки Алиакбар мадрасаи Олим-додхоҳи шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи Ал-Азҳари Мисрро хатм кардааст. 

Алиакбар Ҳисомов ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои Укроин қарор дорад, ва тибқи гуфтаи вакили дифоъаш ба ӯ истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular