Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМӯҳлати бақайдгирии симкортҳо тамдид шуд

Мӯҳлати бақайдгирии симкортҳо тамдид шуд

Мӯҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо барои ним соли дигар тамдид шудааст. Боқӣ мондани садҳо ҳазор симкорти бо шиносномаи плостикӣ бақайдгирифтанашуда мақомотро водор кардааст мӯҳлати онро тӯлонитар кунанд. 

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумати кишвар хабар медиҳад. Ин манбаъ гуфтааст мӯҳлат тамдид шуда, аммо нагуфтааст чӣ миқдор. Манбаъ дигар онро ним сол гуфтааст.  

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар ин бора маълумоте нашр накардаанд.

Қаблан Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта будто 11-уми июл 1 миллиону 883 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. 

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ хабар ода буд, ки ниҳоди зертобеъаш ба дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур нома ирсол кардааст, то мӯҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи навро тамдид кунад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular