Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дирӯз чаҳоршанбе дар Париж ба ҷамъе аз хабарнигорон аз як бӯҳрони амиқ барои демокросии Аврупо ҳушдор дод. Ў раҳбарони ғарбро ба бозандешӣ дар бораи сармоядорӣ даъват кард ва аз онҳо хост, ки демокросии модернро бозтаъриф кунанд ва онро ба носиунолистҳо нагузоранд.
Ин нахустин бор нест, ки Макрон аз бӯҳрони демокрасӣ дар Аврупо сухан мезанад. Моҳи ноябри соли гузашта дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи фаронсавӣ аз бозгашти популизми даҳаи 1920-и Аврупо ҳушдор дод. Ў гуфт ҳама он чи ки асбоби ҷанги дуввуми ҷаҳониро фароҳам кард, имрӯз соф ва рӯшан дубора бар зиндагии Аврупо ҳоким аст. Ў аз густариши ҷараёнҳои носиунолсит ва паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ сухан мегуфт. Ў чунин ҳушдореро дар апрели соли 2018 дар суханрониаш дар парлумони Аврупо ҳам дода буд. Ў гуфт, ки барои зинда нигаҳ доштани демокросии либерал дар баробари он чи ӯ иқтидоргароӣ дар либоси демокросӣ хонд, бояд талош ва мубориза кард. Ў аз намояндагон хост то аз демокросӣ ба унвони “ҳуввияти вижаи Аврупо” дифоъ кунанд.
Ҳушдори Макрон танҳо яке аз “сӯрох“-ҳои демокросии асри моро нишондиҳӣ мекунад. Ин сӯрохро мешавад дар демокросиҳои хориҷи Аврупо ҳам ба хубӣ мушоҳида кард. Бисёр дур намеравем. Ҳинд, ки иддао дорад бузургтарин демокросии ҷаҳон аст, бо поён додан ба вазъияти вижаи Кашмири зери султааш, силии маҳкаме ба рӯйи демокросӣ навохт. Ҳиндуҳои носиунолист ва мутаъассиб аз сӯрохи демокросӣ бар арикаи қудрат дар Деҳлӣ такя заданд, ва ҳоло барои бисёриҳо дар ғарб мушкил аст байни он чи демокросии ҳиндӣ дар Кашмир анҷом медиҳад ва он чи диктатории чинӣ дар Синкёнг дар ҳаққи уйғурҳо анҷом медиҳад, фарқ ҷустуҷӯ кунанд.
Истибдоди аксарият ва поймол шудани ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ, таборӣ ва забони танҳо осеби демокросӣ нест, ки дар ин рӯзҳо аз он сӯҳбат мешавад, балки густариши авомгароӣ ва таъсири густурдаи технология ва фановариҳои ҷадид дар ҷиҳати додани орои мардум ва муҳандисии интихобот бо истифода аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва даҳҳо мавриди дигар, ҳама сӯрохҳои демокросии муосиранд. Дар феврали 2018 гузориши Economist Intelligence Unit дар бораи шохиси солонаи демокросӣ нишон медиҳад, ки демокросӣ дар ҳама ҷо, аз ҷумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳоли коҳиш аст. Бар асоси ин гузориш, демокросӣ дучори мушкил аст ва наслҳои нав дар ҳоли аз даст додани боваришон ба демокросианд.
Росташ ин ҷо мо на қасди нақди ҳамаҷонибаи демокросиро дорем ва на ҳам ҳавсалаи ин кор дар ин кӯтоҳа аст. Ин қадар мешавад гуфт, ки нақди демокросӣ ба андозаи умри он қадимӣ аст. Дар ҳамон хостагоҳи аслиаш дар Юнон Суқрот ва Афлотун ин равиши ҳукуматдориро нақд карданд ва ин нақд то имрӯз ҳам идома дорад. Он чи мо метавонем фишурда аз паёми Макрон бигирем, ҳамин метавон бошад, ки демокросӣ мунҳиси равиши ҳукуматдории охири кор нест. Дарвоза барои таҷорибаи дигар ҳам боз аст. Дар ин тарафи дунё бархеҳо барои иҷрои демокросӣ он қадар завқзада ва шавқӣ ҳастанд, ки фориғ аз ҳама сӯрохиҳояш мардумро чашм пут ба қабули демокросӣ даъват мекунанд. Вақте осебҳои демокросӣ домангирашон шуд, ангушти тӯҳматро ба ҷой дигаре мутаваҷҷеҳ месозанд..
Дӯсти гиромӣ! Демокросӣ ба ҳамон андоза метавонад истибдодзо бошад, ки шӯрои ҳал ва ъақд…
Мутеъуллоҳ Таййиб, таҳлилгари афғонистонӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

