Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Сангинов Ҷамшед Бароталиевич хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам дониста мешавад
Тавре Ожонс имрӯз дар сомонаи расмияш , Сангинов аз як шаҳрванд “А” барои қабул намудани фарзандаш ба Коллеҷи мазкур 21 000 сомонӣ талаб намудаст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 20 августи соли равон шаҳрванд “А” ба Ожонсӣ муроҷиат намудаст, ки омӯзгори Колеҷ тибби ҷумҳуриявӣ Сангинов Ҷамшед Бароталиевич аз ӯ барои ба муассисаи мазкур дохил намудани писараш 21 ҳазор сомонӣ талаб намудаст.
Зимнан, худи ҳамон рӯз оиди ин ҳолат нисбати Сангинов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ омӯзгор пас аз гирифтани 21000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Ожонсии зидди фасод мегӯяд, феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сангинов идома дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

