Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли лифт месозанд

Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли лифт месозанд

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба сармоягузорон лоиҳае пешниҳод кардааст, ки сохтмони корхонаи истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст.

Дар сомонаи Кумита зикр шудааст “Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа роҳандозии комлекси технологияи муосири истеҳсоли лифтҳо мебошад. Амалисозии он ба истеҳсоли лифтҳои муосир дар дохили кишвар ва содироти минбаъдаи онҳо имкон  медиҳад”

Гуфта мешавад, нақшаи пешакии тиҷоратӣ аллакай таҳия шуда, омода кардани заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа зарур аст.

Сармоягузори таваҷҷуҳдошта бояд 10 млн. доллар маблағгузорӣ кунад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 3 сол муқаррар шудааст.

Иқтидори корхона истеҳсоли 3 ҳазор лифт дар як сол пешбинӣ гардидааст. Дар сурати бо чунин иқтидор мавриди истифода қарор гирифтани корхона, беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Барои сохтмони корхонаи мазкур 1,5 гектар замин ҷудо карда мешавад.

Ба сармоягузор имтиёзҳои сершумор, аз қабили озод кардан аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридсозии таҳҷизоти истеҳсолӣ-технологӣ, реҷаи махсуси иҷозатномадиҳӣ ва ғайра пешниҳод мегардад.

Сохтмони корхона дар наздикии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб ба нақша гирифта шуда, аз он то пойтахт 196 километр масофа хоҳад буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular