Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаҳодур Усмонов аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд

Баҳодур Усмонов аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Екатеринбург, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов, ки  дар вазни то 63 кило қувваозмоӣ мекард, бо шикаст дар бозии даври 1/8 финалӣ аз идомаи рақобат маҳрум шуд.

Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ  ва 

то сонияҳои охир рақобат кард, лекин бо ҳисоби 1:4 аз варзишгари таҷрибадори фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина дастболо шуда, дар даври баъдӣ муштзани турк Туғрул Эрдемирро мағлуб кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular