Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаъкиди Зуҳуров ба ҳали ҳарчӣ зудтари масоили марзӣ

Таъкиди Зуҳуров ба ҳали ҳарчӣ зудтари масоили марзӣ

Дар доираи машварати чоруми раисони парлумонҳои Авруосиё , ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дидор ва масоили марзиро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон хабар медиҳад.

“Муносибатҳои неки ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон чандин аср идома доранд, ки аз мову шумо давоми рисолати таърихиро тақозо мекунанд. Масоили марзиро ҳарчи зудтар мебояд ҳал кард, зеро густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ба он вобаста аст”, – изҳор доштааст Зуҳуров.

Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Достонбек Ҷумъабеков гуфтааст, ки комиссияи ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти роҳҳои созиш ноил мешавад.

“Ҷумъабеков изҳори умедворӣ кард, ки вохӯрии гурӯҳҳои кории комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти нуқтаҳои созиш оид ба аломатгузорӣ ва табодули дуҷонибаи қитъаҳои боқимонда имкон медиҳад. Ин раванди таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро суръат мебахшад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулосае расиданд, ки анҷоми расмиёти ҳуқуқии сарҳади давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар сарҳади кишварҳо ва ба сурати умум дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular