Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон дар 8 моҳ $37,4 садақа гирифтааст

Тоҷикистон дар 8 моҳ $37,4 садақа гирифтааст

Давоми ҳашт моҳи охири соли равон Тоҷикистон аз 51 кишвари дунё ба маблағи наздик ба 37, 5 миллион доллар кумак ва садақа дарёфт кардааст   

Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон гузориш нашр карда навиштааст,  ки кумакҳои башардӯстона давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон баробар ба 37,4 миллион доллар ворид шуданд.

Дар ҳаҷми умумӣ ҷумҳурӣ зиёда аз 13,5 ҳазор тон кумакҳои башардӯстона аз кишварҳои хориҷ қабул кардааст.

Дар ин муддат ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ, воситаҳои табобатӣ ва ғайра ворид шудааст.

Тайи  8 моҳи охири соли равон аз ҳама бештар Русия (34,8 дарсад аз ҳаҷми умумӣ) дасти кумак дароз кардааст.

Дар ҷойи дуюм Чин 30,7 фисад ва дар мақоми сеюм Швейтсария 8 дарсад қарор гирифтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular