Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетАз тарси пулис худро ба замин партофтани муҳоҷирон

Аз тарси пулис худро ба замин партофтани муҳоҷирон

Ду муҳоҷири узбек  ҳангоми фирор аз кормандони пулиси шаҳри Балашихаи вилояти Маскав худро аз ошёнаи дувум ба замин партофта дар ҳолати вазнин ба шуъбаи эҳёгарӣ бурда шудаанд.

Ин шаҳрвандони Узбекистон ҳамроҳи ду ҳамватани дигари худ ба манзили зисти як шаҳрванди Қирғизистон ба меҳмонӣ рафта буданд ва шоми 20-уми сентябр се кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хона даромада, онҳоро латукӯб ва пул талаб кардаанд.

Илҳом Холматов, яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда ба расонаҳо гуфтааст, он шаб афроде дар либоси мулкӣ омада, худро корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ муаррифӣ ва онҳоро латукӯб карданд. “Якеашон туфангро нишон дода, гуфт, мепаронам. Дигар ҳеч чиз дар ёдам нест. Вақте ба худ омадам, дар замин хоб будам”.

Соҳиби хона, ки шаҳрванди Қирғизистон Элёрбек Умаров будааст мегӯяд, кормандони пулис ба хона бе иҷозат ворид шуда, пул талаб карданд. “Вақте гуфтам, аз Қирғизистонам, ба биниям як мушт зад. Пурсидам, ки ман ба шумо чӣ кор кардам? Гуфт, ба ман 10 ҳазор рубл медиҳӣ. Ба ӯ гуфтам, ки дар корти бонкиам танҳо 8 ҳазор дорам ва ӯ латукӯб карданро идома дод.

Дар натиҷа ду муҳоҷири узбек худро аз ошёнаи дувум ба замин партофтанд ва онҳоро муҳоҷирони тоҷик, ки аз кӯча мегузаштанд, дар ҳолати беҳушӣ пайдо карда, “ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд. Кормандони пулис пинҳон шуда, танҳо пас аз рафтани мошини “ёрии таъҷилӣ” аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳоло ин ду муҳоҷири узбек Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказии Балашиха бистарианд. Холматов гуфт, рӯзи 21-уми сентябр кормандони пулис бо либоси низомӣ ба бемористон рафта, ба онҳо гуфтаанд, ки худашон аз ошёнаи дувум ба замин паридаанд ва як шоҳид низ доранд.

Ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик, ки аз ҳаққи муҳоҷирони узбек ҳимоят мекунад, гуфт, аллакай аз болои кормандони пулис ба Кумитаи тафтишотии вилояти Москва шикоят бурда, талаб кардаанд, ки зидди маъмурони ҳифзи ҳуқуқ парванда боз карда шавад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?