Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВалиаҳди Арабистони Саудӣ масъули қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ

Валиаҳди Арабистони Саудӣ масъули қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ

Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ, худро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ масъул донистааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс” дар филми ҳуҷҷатии шабакаи PBS-и Амрико, ки ҳафтаи оянда пахш хоҳад шуд,  Бин Салмон гуфтааст, аз он ҷо ки Хошуқҷӣ “таҳти назорати ӯ” ба қатл расид, “тамоми масъулияти ҳодисаро ба дӯш мегирад”.

Ҷамол Хошуқҷӣ, барои рӯзномаи амрикоии “Вашингтон Пост” матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд. Хошуқчӣ рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷоле дар арсаи байналмилалӣ  ба миён омад.

Хадамоти махсуси Амрико, мақомоти Туркия ва ҳукуматҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки дастури қатли Хошуқҷиро валиаҳди Саудӣ додааст. Аммо мақомдорони Саудӣ мегӯянд, ӯ дар ин ҳодиса ҳеч нақш надорад.

Муҳаммад бин Салмон дар филми шабакаи PBS ва дар ҷавоб ба суоли он ки чаро аз рух додани ин ҳодиса дар ғафлат монд, гуфтааст, “мо бист миллион аҳолӣ ва се миллион коргари давлатӣ дорем.”.

Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ҳодисаи қатли Хошуқчӣ дар Стамбул, изҳори бехабарӣ мекард, аммо баъдан, эълом кард, ки Хошуқҷӣ дар як “даргирӣ бо мушт” зарб хурда, дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ “қасдан” сурат гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular