Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия ба кушта шудани Бағдодӣ шубҳа дорад

Русия ба кушта шудани Бағдодӣ шубҳа дорад

Вазорати дифои Русия ба комёбии амалиёте дар Сурия шубҳа дорад, ки ба гуфтаи президенти ИМА Доналд Трамп, дар натиҷаи он раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) Абубакр Бағдодӣ кушта шудааст.

“Афзоиши шумори иштирокдорони бевосита ва кишварҳое, ки гӯиё дар амалиёт ширкат доштанду ҳар кадом ҷузъиёти зидду нақизи худро доранд, шубҳаеро ба миён оварда, воқеӣ будани амалиёт, аз ҷумла комёбии онро зери суол мебарад”, – навиштааст хабаргузории “Интерфакс” бо истинод аз суханони намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков.

Конашенков гуфт, Вазорати дифои Русия аз иштироки низомиёни ин кишвар дар амалиёти мазкур хабар надорад. Пештар Трамп гуфта буд, ки низомиёни рус ба чархболҳои амрико иҷозат доданд, то ҳангоми анҷоми амалиёт дар осмони минтақаи зери назорати онҳо парвоз кунанд.

Ба гуфтаи Конашенков, тайи рӯзҳои ахир ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Сурия ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи Вазорати дифои Русия афзуд, ки “марг”-и навбатии раҳбари ДИ ба вазъ дар Сурия таъсири фаврие нахоҳад расонд. Вазорати дифои Русия аз ИМА далелҳоеро хост, ки кушта шудани Бағдодиро тасдиқ мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?