Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе беҳтарин соҳибкоронро муайян кард

Душанбе беҳтарин соҳибкоронро муайян кард

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор, озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе”-ро ҷамъбаст карда, 18 ширкати ғолибро эълон намуд.

Бар асоси қарори раиси Душанбе, ки котиботи шаҳрдорӣ нашр кардааст, ҷамъияти “Комбинати шири Душанбе” дар бахши истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ, Ширкати  телевизион ва радиои “Азия-Плюс” дар бахши фановариҳои иттилоотӣ беҳтарин дониста шудаанд.

Ширкати “Газпром-нефт Таджикистан” дар бахши савдо ва “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” дар риштаи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” пешсаф эълон гардиданд.

Бар асоси қарор, ҷоизаҳоро ба ғолибон худи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тақдим хоҳад кард.

Раиси Душанбе таъкид намудааст, ки пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  шаҳр, амалӣ шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular