Шӯрои вазирони Русия бо Тоҷикистон, тавофуқнома дар бораи сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро тасвиб кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати Русия, ҳадаф аз тарҳ сохтмони тадриҷии мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мебошад.
Баъди баҳрабардорӣ шудани мактабҳо таҳсилот дар онҳо бар асоси стондортҳои Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.
Тавофуқномаи сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ баъди музокироти сарони ду кишвар имзо шуда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

