Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет10 навраси аз хориҷ овардашударо дар таълимгоҳи махсус ҷой карданд

10 навраси аз хориҷ овардашударо дар таълимгоҳи махсус ҷой карданд

Мақомоти Тоҷикистон бо бозгардонидани 10 донишомӯзи тоҷик аз мадрасаҳои кишвари Бангладеш, ин афродро дар таълимгоҳи махсуси шабонарӯзӣ таҳти омӯзиш қарор додаанд.

Волидайни ин донишомӯзон мегӯянд, ки ҳатто дар рӯзҳои таътил низ ба онон иҷозати дидор бо фарзандонашонро намедиҳанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ин қарор омадааст, ки ин донишомӯзон бояд дар таълимгоҳи махсуси шабонарӯзӣ, ки махсуси кудакону наврасони душвортарбия аст давраи мутобиқшавӣ бо низоми омӯзишии кишварро бигзаронанд ва баъдан ба мактабҳои маъмулӣ баргардонида шаванд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ин донишомӯзон то ба ҳол дар мактабҳои  кишвар омӯзиш надидаанд ва бояд таи давраи се то шаш моҳ, худро бо шароити омӯзишии Тоҷикистон мутобиқ кунанд ва пас аз ин марҳила, мавзӯи бозгардонидани онон ба волидайнашон ва пояи таҳсилии онон дар мактабҳои давлатии маҳалли иқоматашон мушаххас хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2010 то кунун, ҳазорон донишомӯзи тоҷикро барои қарор нагирифтан таҳти таъсири афкори гурӯҳҳои ифротӣ аз марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ бозгардондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular