Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Ошӯбгарон”-и зиндони Ваҳдат аз 19 то 29 сол ҳукм гирифтанд

“Ошӯбгарон”-и зиндони Ваҳдат аз 19 то 29 сол ҳукм гирифтанд

Муттаҳамон ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон бо 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва куштор, айбдор шудаанд. Зиндониёни муттаҳам дар ошӯб аз 19 то 29 сол ба ҳабс маҳкум шудаанд. 

Ба гуфтаи вакилони дифои маҳкумшудаҳо  додгоҳ 28 нафар зиндониро”бинобар ширкат дар ошӯби зиндони Ваҳдат” аз 19 то 29 сол ба ҳабс маҳкум шуданд. Ҳукми нав ба ҳукми пештараи онҳо илова шуда онҳо дар маҷмӯъ аз 19 то 29 сол гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол худи муттаҳамон ва наздиконаш ҳукмро ноодилона медонанд. Додгоҳ парвандаи чанд нафари дигарро, ки дар ошӯби зиндони Ваҳдат муттаҳам мешуданд, барои омӯзиши дубора пас фиристода буд ва ҳанӯз ҳукми онҳо содир нашудааст.

Тибқи иттилоъи “Озодӣ” дар миёни ин гурӯҳ Бахтиёр Абдусамадов, бародари Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳам дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар соли 2018 дар Данғара, низ мебошад. Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писарашро ба ошӯб дар зиндон муттаҳам мекунанд, вале ӯ бемор буд ва дар ин ошуб даст надорад.

Ба гуфтаи Шодмонова охирин марҳилаи додгоҳӣ дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва онҳо хабар надоранд, ки писараш дар мурофиа чӣ мегӯяд. Хонум Шодмонова мегӯяд, аксари ҳамроҳони писараш ҳукм гирифтанд.

“Гуфтанд, ки парванда тамом шудааст ва бояд рӯзҳои наздик ҳукмро эълон кунем. Бисёрашонро ҳукм доданд ва модаронашон розӣ нестанд ва шикоят карданӣ ҳастанд. Лекин ҳукми писари маро набароварданд”,-гуфтааст ӯ.

28 нафари маҳкумшуда ба баъйат ба саркардагони ошӯб.муттаҳам мешаванд.  

Вале худи онҳо ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд, ки имкони иштирок дар ошӯбро доштанд, вале вале ба он ҳамроҳ нашудаанд.

Дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат, ки охири моҳи май рӯй дод, 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расида буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular