Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҳдиди ҷавобии Урдуғон ба Амрико

Таҳдиди ҷавобии Урдуғон ба Амрико

Раисҷумҳури Туркия дар як мусоҳибаи телевизионӣ бо баёни ин ки Русия ва Амрико “натавонистанд террористҳои ИПГ-ро аз шимоли Сурия ихроҷ кунанд”, тасреҳ кард зарурат, ки пеш омад пойгоҳҳои низомии Инҷирлик ва Кӯреҷикро таътил мекунем. 

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи суханоне дар барномаи муштараки шабакаҳои телевизиони “A Haber-ATV” дар Истамбул изҳор дошт: Дар сурати зарурат пойгоҳҳои низомии Инҷирлик ва Кӯреҷикро таътил мекунем. 

Вай дар идома дар бораи тарҳи пешнависи тавофуқи Туркия бо Либия гуфт: Ин иқдомро бо ҳадафи воруна кардани муоҳидаи савр анҷом додаем. 

Урдуғон афзуд: Тарҳи пешнависи тавофуқи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии Туркия бо Либия ба маҷлис ироа шуда ва пас аз тасвиб иҷроӣ хоҳад шуд. Агар аз сӯи мақомоти Либия тақозое барои эъзоми сарбоз ба ин кишвар дарёфт кунем, кишварамон тасмим хоҳад гирифт, ки чӣ ибтикорӣ бояд ба харҷ диҳем. 

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки дар Мидитаронаи шарқӣ захоири бисёр зиёде аз манобеъи ҳидрокарбнӣ вуҷуд дорад гуфт: Дар рӯзҳои ахир гузоришҳое ба мо мерасад, ки бархе ширкатҳо дар ин минтақаи манобеъи ҳидрокарбнӣ иктишоф мекунанд. Мумкин аст бархе ширкатҳои мӯътабар дар арсаи байналмилалӣ дар ин хусус аз Туркия ҳимоят кунанд. 

Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин дар робита бо қатъномаи маҷлиси санои Амрико дар таъйиди ҳаводиси соли 1915 ба унвони “наслкушии арманиҳо” изҳор дошт: Мутасифона шоҳиди он ҳастем, ки қутббандиҳои сиёсӣ дар Амрико ба зарари мо тамом мешавад ва бархе, аз таҳаввулоте дар робита бо кишвармон ба унвони абзоре барои тазъифи Трамп истифода мекунанд. Ин иқдомот дар таноқус бо рӯҳияи ҳампаймонӣ буда ва бо тавофуқи ҳосила миёни Туркия ва Амрико дар бораи Сурия дар 17 октябр низ муғойират дорад. 

Урдуғон афзуд: Онҳо ин гуна иқдомотро анҷом медиҳанд, мо ҳам бекор нанишастаем. Хеле возеҳ ва равшан бигӯям дар мавриди сурхпӯстони амрикоӣ магар мешавад сӯҳбат накард? Таърихи сурхпӯстҳо лакаи нанге бар пешонии Амрико аст. 

Вай таъкид кард: Ин тасмимот комилан сиёсӣ аст ва барои мо ҳеҷ аҳамияте надорад. Иҷтиноби Амрико аз анҷоми иқдомоте, ки мумкин аст ба равобити ду кишвар хисороти ҷуброннопазире ворид кунад, барои ду тараф бисёр муҳим аст. 

Урдуғон бо баёни ин ки мӯътақидем, ки мубориза алайҳи ПКК низ бояд ҳамонанди мубориза алайҳи Доъиш қотеъона ва ба сурати муштарак анҷом шавад гуфт: Аз назари ман муаррифии террористҳои ИПГ-ПИД ба унвони “курд” беэҳтиромӣ ба курдҳост. Мо бо ин террористҳо чӣ дар Санҷор ва чӣ дар минтақаи дигар шиносоӣ кунем, мубориза хоҳем кард ва ин муборизаро то замоне, ки ПКК ба таври комил нобуд шавад идома хоҳем дод. 

Вай тасреҳ кард: На Амрико ва на Русия натавонистанд гурӯҳи террористии ИПГ ПИД-ро аз шимоли шарқи Сурия ихроҷ кунанд. Аммо ба мо қавл дода буданд, ки ин корро анҷом хоҳанд дод. Аз он ҷо, ки онҳо ин корро анҷом надоданд, бинобарин мо худ ин иқдомро анҷом хоҳем дод. Мо ба унвони Туркия дағдағаамон нафт нест, балки нигарони он ҳастем, ки дар Сурия амният ва оромиши шаҳрвандон чи гуна барқарор хоҳад шуд. 

Урдуғон ҳамчунин гуфт: Фардо соати 16.00 бо Ангело Маркел, садриаъзами Олмон ба сураи телефонӣ гуфтугӯ хоҳам кард. 

Вай дар поён изҳор дошт, ки таърихи баргузории интихобот дар кишвар, июни 2023 аст ва баргузории интихобот ғайр аз ин таърих матраҳ нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular