Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯмаки $23 миллионии Бонки исломӣ барои беҳбуди хидматрасонии пизишкӣ дар Хатлон

Кӯмаки $23 миллионии Бонки исломӣ барои беҳбуди хидматрасонии пизишкӣ дар Хатлон

Шӯрои палатаи поёнии  порлумони Тоҷикистон тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии тавсеъа дар бобати тарҳи “Беҳбуди хидматрасони пизишкӣ ба модарону кӯдакон дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон”-ро баррасӣ кард.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Маҷлиси Намояндагон дар ҷаласаи вакилон таъкид шуд, ки ин тавофуқномаи молӣ 28 августи соли 2019 имзо шуда ва раисҷумҳури кишвар онро барои баррасӣ ба порлумон фиристода буд.

Ин тарҳ бозсозӣ ва муҷаҳҳизсозии муассисаҳои пизишкии ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Муъминобод ва Норакро пешбинӣ мекунад.

Арзиши кулли тарҳ 26 миллиону 870 ҳазор доллар буда, 23 миллион доллари он саҳми Бонки исломии тавсеа мебошад.

Саҳми ҳукумати Тоҷикистон  дар амалисозии ин тарҳ ҳудуди 3 миллион доллар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular