Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 55 кишвари ҷаҳон ба арзиши ҳудуди 46 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт кард.
Бино ба иттилоъи Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми кулли кумакҳои инсондӯстона 15 ҳазор тонна буд.
Орд, равғани растанӣ, дору аз ҷумлаи кумакҳои инсондӯстонае буд, ки Тоҷикистон дар ин муддат дарёфт кард.
Русия, Чин ва Ӯзбекистон кумакдиҳандагони аслии инсондӯстона ба Тоҷикистон буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

