Асри дирӯз, 24 декабр намояндагони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон Нилуфар Раҷабоваро дар робита ба қазияи латтукӯб ва таҳқираш дар ШВКД-2 ноҳияи Сино бозпурсӣ кардаанд.
Дар ин бора сомонаи Ахбор хабар дод.
Тибқи манбаъи хабар бо нақл аз рӯи гуфти Нилуфар тарзи бархӯрди мақомоти ВКД дар ҷараёни бозпурсӣ нисбат ба вай ва модараш Валамат Иброҳимзода, ки духтарашро дар ҷараёни ин бозпурсӣ ҳамроҳӣ мекард, муаддабона будааст.
Намояндагони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД гуфтаанд, ки таҳқиқи шикояти Нилуфар Раҷабова ва модарашро аз бозпурсии тарафи даъвогар шурӯъ карданд ва хулосаи худро баъди бозпурсии тарафи дигар, яъне кормандони милиса ва мақомоти ноҳияи Сино ба таври хаттӣ ба Раҷабова мефиристанд.
Нилуфар Раҷабова қаблан ба додситонии кулл ва ВКД шикоят кард, ки рӯзи 14 декабр ӯ ва чандин зани дигари ҳиҷобпӯшро бо баҳонаи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” боздошт карда, ба ШВКД-2 ноҳияи Сино бурданд ва ӯро дар онҷо барои сабти ҷараёни ин рейди зидди ҳиҷоб ва духтари узви зиндонии ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб ва додари журналисти мухолиф Шуҳрати Раҳматулло буданаш азияту латтукӯб ва таҳқир кардаанд.
Аммо додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 18 декабр худи Нилуфар Раҷабоваро бо ҷурми таҳқири мудири шуъбаи занон ва оилаи ин ноҳия Раъно Абдуллоева ба “майдаавбошӣ” гунаҳкор дониста, 550 сомонӣ ҷарима баст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

