Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоЗуҳуров аз фаъолияти Бонки миллӣ изҳори нигаронӣ кард

Зуҳуров аз фаъолияти Бонки миллӣ изҳори нигаронӣ кард

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз раиси Бонки миллии кишвар Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дархост намуд, ки мушкили пардохти пули шаҳрвандонро то охири соли равон ба таври мусбат ҳал намояд.

Гуфта мешавад, ки ин дар ҳоле садо додааст, ки Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар Маҷлиси намояндагон аз рӯи тарҳи қонун “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” суханронӣ мекард. Ҳини суханронии ӯ дар атрофи ин қазия баҳси гарме хестааст ва Зуҳуров бо нигарониҳо гуфтааст, ки ба унвони парлумони кишвар садҳо аризаҳои шикоятӣ аз болои фаъолияти бади бонкҳо дар қаламрав омадааст ва ҳама аз он ба шиква кардаанд, ки амонатҳои худро аз бонкҳо гирифта наметавонанд.

Шукурҷон Зуҳуров ба раиси Бонки миллӣ рӯ оварда гуфтааст: “Одамҳо солҳо пул ҷамъ карда, дар бонк амонат гузоштанд, ки барои фарзандашон, масалан, хона харанд. Вале имрӯз бонк мераванд, то пулашонро бигиранд, бонк мегӯяд,“баъди як ҳафта биё, 500 сомонӣ бигир”. Ҳамон ду бонке, ки медонед (манзур “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ки пули муштариёнашонро пардохт карда наметавонанд), ҳоло дар ҳамин вазъият ҳастанд”.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар шарҳи ваъияти ба амаломада гуфтааст, ки Бонки миллӣ ба аҳоли қарзи фаровоне дода ва 57 дарсади ин қарзҳо проблемавӣ ҳастанд, яъне аҳолӣ бинобар бӯҳрон имкони пардохти дубораи онро аз даст додаааст. Аммо ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, комиссияи махсусе дар робита ба ин қазия кор мебарад ва роҳи ҳалли ин мушкилро се моҳ ин ҷониб меҷӯянд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба Нурмуҳаммадзода ҳушдор додааст, ки “то охири ҳамин сол мушкилро ҳал кунанд, бонкҳои дигар низ ба ҳамин ҳол гирифтор мешаванд.” Раиси Бонки миллӣ ваъда додааст, ки ин мушкилро албатта ҳал менамояд ва механизми берун омадан аз ин бӯҳронро аллакай рӯи даст дорад.

Дар ҳамин ҳол, тарҳи қонун “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” пас аз баррасиҳо пазируфта шуд ва гуфта мешавад, ки ин қонун ба ҳуқуқҳои Бонки миллӣ афзудааст. Аз ҷумла, бештар аз 2000 сомонӣ пули аз хориҷ интиқолёбандаро месанҷад ва пас аз он ба мизоҷ пардохт менамояд. Инчунин қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ки тамоми сохторҳои интиқоли пул, ба монанди «Вестерн Юнион», «Анелик», «Мани Грам» аз ин баъд бояд барои фаъолият дар Тоҷикистон аз Бонки миллӣ иҷозатнома гиранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?