Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши 15 дарсадии истеҳсолот дар Хуҷанд

Афзоиши 15 дарсадии истеҳсолот дар Хуҷанд

Ҳарчанд маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар соли 2019 ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ расидааст, вале дар ин давра иқтидори истеҳсолии баъзе коргоҳҳо коҳиш ёфтааст

Масъулони ҳукумати Хуҷанд, дар як ҷаласа аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар соли сипаришудаи 2019 натиҷагирӣ карданд. Дар ҷараёни баргузории ин ҷаласа аз ҷумла аз ҷойдошти камбудиҳое таъкид шудааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро шарҳ дода,  коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли коргоҳҳоро зикр кард. 

Ба гуфти Нуруллоҳзода, “дар ин давра як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла Ҷавонӣ ба маблағи 19 милиону 800 ҳазор сомонӣ, корхонаи Сарв 8 милиону 400 ҳазор сомонӣ, корхонаи Дилписанд 1 милиону 400 ҳазор сомонӣ ҳаҷми маҳсулоташон дар қиёс ба соли 2018 кам шудааст. Ин омил боиси коҳишёбии соҳаи истеҳсолот гардидааст”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар соли сипаришуда дар қаламрави Хуҷанд аз ҳисоби 16 корхонаи нави истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 20 миллион сомонӣ афзудааст. Дар умум аз ҳисоби фаъолияти 172 корхона дар соли 2019, маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 1,3 миллиард сомонӣ расидидааст ва гуфта мешавад ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд рақам зада мешавад.

Дар зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи соҳаҳои хоҷагии халқ мушкилиҳои мавҷудаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ нишон дода шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular