Деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод, ки беш аз 300 хоҷагӣ дорад се моҳи охир бе интернет мондааст ва хонаводаҳо наметавонанад бо мардҳои муҳоҷирашон дар тамос бошанд. Шумори муҳоҷирони деҳа беш аз 500 нафар будааст.
Як сокини ин деҳа бо номи Саидмуҳаммад Нуров бо пахши ян навор дар фейсбук аз ин мушкил хабар дод. Ӯ мегӯяд се моҳ аст, ки ҳудуди 500 муҳоҷири корӣ аз деҳаи Чилдухтарон наметавонанд бо хонаводаашон тамос гиранд.
Ба гуфтаи Нуров, сокинони деҳа барои тамос бо наздикони муҳоҷирашон бояд ба маркази деҳа бираванд, ки тӯли роҳ то онҷо 30 километр аст.
Дастгоҳи пахши интернет дар деҳаро, ба гуфтаи Нуров, се моҳ қабл бо баҳонаи таъмир канда бурдаанд ва деҳаро бидуни интернет гузоштаанд. “Тибқи маълумоте, ки мо дарёфт кардем, он дастгоҳро дар ноҳияи дигар фурӯхтаанд” – мегӯяд Саидмуҳаммад Нуров.
Ӯ мегӯяд “се моҳ аст рӯи падару модарро надидаам ва ҳеҷ тамосе бо онҳо надорам” ва аз ҳукуматдорон хоҳиш кард мушкили мардуми ин деҳаро ҳал кунанд.
Наворро метавонед инҷо бубинед:
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

