Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСокини Душанбе аз беэҳтиётӣ худро тарконд

Сокини Душанбе аз беэҳтиётӣ худро тарконд

Дирӯз, 14 январ, тахминан соати 16:30 дар кӯчаи Рӯдакӣ 176 шаҳри Душанбе таркиши норинҷак рух дод, ки  боиси марги як нафар гардид. 

Тибқи иттилоъи ВКД, сокини ҳуҷраи 5-и ҳамин бино Мезентсев Иван Андреевичи 33-сола норинҷакеро ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ он дар назди  даромадгоҳи бинои мазкур таркиааст. 

Мезентсев норинҷаки РГД-5-ро  дар ҳолати мастӣ бо худ гирифта, берун баромадааст ва маълум нест чӣ ҳадаф доштааст. 

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВКД мегӯяд санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи  фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular