Дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон ҷараён дорад, ки асосан ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2019 ва муайян кардани вазифаҳо барои соли 2020 нигаронида шудааст.
Дар ин нишаст аъзои ҳукумати кишвар ба раҳбари он дар бораи дастовардҳояшон дар соли гузашта ва нақшаҳояшон барои соли оянда гузориш медиҳанд.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи Азия Плюс бо истинод ба намояндаи ҳукумат, дар ин ҷаласа “ба масъалаи амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд”.
Одатан дар ин ҷаласаҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори раҳбарии вазорату идораҳо, ҳукуматҳои вилояту ноҳия ва шаҳрҳо тағйироти кадрӣ ворид месозад. Қаблан мардум чунин ҷаласаҳоро бо умеди тағйироти фарогир мунтазир мешуд, аммо чанд соли охир бинобар ҷойивазкунии ҳамешагии мансабдорон таваҷҷӯҳ ба он кам шудааст.
Соли гузашта, зоҳиран барои “намакдор” кардани ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон ду мансабдори сатҳи миёна – роҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” ва раиси БДА “Амонатбонк”-ро аз толори маҷлис ронда буд.
Интизор меравад имсол чанд тағйирот дар сатҳи боло ба вуқӯъ пайвандад. Аз ҷумла таҳлилгарон ба ин назаранд, ки вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода метавонад ваҳоратро тарк кунад ва ба курсии раиси Шӯрои амният такя занад. .
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

