Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаёнияи поёнии иҷлоси Либия дар Берлин

Баёнияи поёнии иҷлоси Либия дар Берлин

Тарафҳои ҳозир дар иҷлоси Либия дар Берлин бар ҳимояти худ аз ташкили як давлати муттаҳид, фарогир, муассир ва мавриди таъйиди Маҷлиси намояндагони ин кишвар таъкид карданд. 

Ширкаткунандагон дар иҷлоси Либия дар Берлин ба манзури барқарории оташбаси пойдор ва як раванди сиёсӣ дар ин кишвар дар поён тайи баёнияе эълом кард: аз ташкили як давлати муттаҳид, фарогир, муассир ва мавриди таъйиди Маҷлиси намояндагони Либия ҳимоят мекунем. 

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: 

“Тавофуқи сиёсии Либия, нақшаи роҳи муҳимме барои ҳал бӯҳрони ин кишвар аст. Аз ташкили системаи миллии амнияти Либия таҳти контроли қудрати марказӣ ва маданӣ ҳимоят мекунем. Полис ва артиш бояд фармондеҳи воҳиде дошта бошанд. 

Барои ташкили кумитаҳои фаннӣ ҷиҳати назорат барои иҷрои оташбас, ба Созмони милал муттаҳид муроҷиа мекунем. Аз Созмони милал дархости ифои нақши сулҳофаринӣ дар музокироти оташбас миёни тарафайн мекунем. 

Тарафҳои даргир ва ҳомиёни онҳо иқдомоти низомии худро дар пайи эъломи оташбас мутаваққиф кунанд. Тамоми тарафҳои Либияро ба раванди интиқолӣ аз тариқи интихоботи озод, фарогир ва одилона фаро мехонем. 

Барои истимрори ҳамоҳангӣ пас аз иҷлоси Берлин, кумитаи байналмилалии назорат таҳти ҳимоят Созмон милалро ташкил медиҳем. Тамом созмонҳои байналмилалӣ ва тарафҳои ҳозир дар иҷлоси Либия дар Берлин машмул ин кумита хоҳанд буд. 

Кумитаи мазкур бо ҳузури мақомоти аршад ба таври моҳона ташкили ҷаласа хоҳад дод. Ин кумита ҳамчунин чаҳор коргари фаннӣ дар сатҳи коршиносонро низ шомил хоҳад кард”. 

Гуфтанист иҷлоси Либия дирӯз ба ибтикори Туркия ва Русия бо ҳадафи барқарории оташбаси пойдор ва дастёбӣ ба як роҳиҳали сиёсӣ барои буҳрони Либия дар Берлин баргузор шуд. Дар ин иҷлос сарон ва мақомоти сиёсии 12 кишвар ва 4 ширкати чандмиллиятӣ ҳузур пайдо карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular