Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҷлис Эрон хатои инсониро ба унвони омили суқути ҳавопаймои украинӣ таъйид кард

Маҷлис Эрон хатои инсониро ба унвони омили суқути ҳавопаймои украинӣ таъйид кард

Раиси комиссияи амнияти миллии Эрон эълом кард, тибқи баррасиҳо ва гузориши масъулони ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, хатои инсонӣ дар суқути ҳавопаймои украинӣ исбот шуд. 

Муҷтабо Зуннурӣ, раиси комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон пас аз ҷаласаи баррасии суқути ҳавопаймои Боинг 737-и Украина эълом кард: ‘”Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ба сомонаҳо эълом шуда буд, ки вазъият дар ҳолати оташи маҳдуд аст на оташ ба ихтиёр, пас ин сониҳа комилан бар асари хатои инсонии сомонаи падофанди ҳавоӣ будааст ва оператор чунин хатоеро муртакиб шуда ва ба ташхиси худаш чунин тасмимеро гирифта ва иқдом кардааст.” 

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, вай дар идома гуфт: “Мо дар ҳолати оташи маҳдуд қарор доштем. Ба ин маъно, ки ба сомонаи падофандӣ ҳанӯз дастури шиллик ва ҳадаф эълом нашуда буд ва ҳатто агар фарз кунем, ки иртиботи сомонаи падофандӣ ва оператор бо маркази контрол қатъ шуда бошад, боз ҳам набояд ба сурати худсар ва оташи ба ихтиёр амал шавад.” 

Зуннурӣ тасреҳ кард: “Натиҷаи баррасиҳои комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳам хатои инсониро нишон медиҳад ва аз сӯи дигар аз тариқи созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва қувваи қазоия бо касоне, ки дар ин росто кӯтоҳӣ ва қусур кардаанд бархурд мешавад.” 

Раиси комиссияи амнияти миллии Эрон ҳамчунин эҳтимоли ҷанги электроник ва ҳуҷуми сайберӣ дар суқути ин ҳавопайморо мунтафӣ дониста ва гуфт: ‘”Магар он ки дар оянда иттилооте дар ин росто ба даст ояд ва исбот шавад, ки ҳамалот ва харобкории сайберӣ вуҷуд доштааст аммо феълан ин мавзӯъ исбот нашудааст.”

Гуфтанист Боинг 737-и  Украина бомдоди чаҳоршанбе 8 январ, ки аз Теҳрон озими Киев буд, тавассути сомонаи падофанди ҳавоии Эрон сарнагун ва тамоми 176 сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular