Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо шурӯъ мешаванд

Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо шурӯъ мешаванд

Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта оғоз мешаванд.

Нишастҳои хабарии маъмулии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 рӯзи 27-уми январ оғоз мегарданд.

Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Нахуст нишастҳои хабарии Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ то 14-уми феврал идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши раисҷумҳур аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар таърихи фаолияташ боре ҳам худи раисҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон нишасти хабарӣ доир накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular