Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодситонӣ боздоштҳои ахирро расман эътироф кард

Додситонӣ боздоштҳои ахирро расман эътироф кард

Билохира мақомоти тоҷик расман боздоштҳои ахир дар кишварро эътироф карданд. Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти хабариаш, ки имрӯз, 28 январ дар Душанбе баргузор шуд, эълом крад 113 нафар барои пайравӣ аз Ихвон-ул-муслимин боздошт шудаанд. 

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, 20 нафар аз боздоштшудаҳо кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати Исфара аст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки манобеъ аз боздошти шумори ба маротиб бештари одамон хабар медиҳанд. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём танҳо дар Бохтар на кам аз 30 нафар ва дар Истаравшан на камтар аз 20 нафар боздошт шудаанд. Ҳамчунин манобеъ аз боздошти даҳҳо нафар аз навоҳии Файзободу Ваҳдат, Исфара ва худи Душанбе бо шумули занон хабар медиҳанд. 

Ҳамчунин тибқи иттилоъи манобеъ, байни боздоштшудаҳо чанд нафар хориҷӣ ҳам ҳузур доштанд, аммо Юсуф раҳмон ҳарфе дар бораи онҳо назад. 

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир.

Додситони кулл гуфт нисбати боздоштшудаҳо парванда боз шудааст ва сарусадоҳо дар бораи боздошти як корманди дастгоҳи президент ва як корманди вазорати тандурустиро бо ҳамин иттиҳом рад кард. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular